Кӯлоб. Пешгирии бемории ВНМО дар шаҳру деҳот

 Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО семинарии омӯзишӣ дар мавзӯъи «Истифодабарии имкониятҳои техналогияи информатсионӣ барои дастгирии иҷтимоии шахсони ВНМО зиндагӣ кунанда- Рӯзномаи электронӣ кормандони иҷтимоӣ» доир гардид.

 Дар семинарии омӯзиши намояндагони, раёсати маориф, бахшҳои дин, танзими ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, соҳаи тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҷамоатҳои деҳот, маркази таълимии калонсолон иштирок намуданд.

 Мақсад доир намудани семинарии мазкур ин пешгирӣ намудани бемории ВНМО, огоҳ намудани аҳолӣ ҷиҳати риоя намудани қоидаҳои пешгирӣ, гузаронидани ташхис барои муайян намудани ин беморӣ ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки мубталои ин беморӣ мебошанд, ба шумор мерафт.

 Дар семинари ба тариқи доскаи электорнӣ наворҳо ва мавзӯҳои ҷолиб нишон дода шуда, баъдан оид ба масъалаи мазкур иштирокчиён фикрҳои худро баён намуда, қайд карданд, ки пешгирӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии ин бемор муҳим мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.