Майдончаи варзишӣ дар Шамсиддин Шоҳин

 Рӯзи 21.07.2018 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба насли ҷавон аз тарафи соҳибкори ватани Зарифов Мирмад дар деҳаи Шӯроободи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар рӯзи ба истифода додани ин майдонча раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чандин Барномаву санадҳои муҳими давлатиро қабул намуданд. Бо ин мақсад имрӯзҳо мардуми бо нангу номуси ҷумҳурии азизамон махсусан сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамеша ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат буда, дар рушту нумуи миллат саҳми муносиби худро мегузоранд. Ҳамин аст, ки тулли чандсолаи охир дар ин гӯшаи дурдасти диёр чандин иншоотҳои маишӣ қомат афрохтаву дар хизмати мардум қарор доранд, ки онҳо ба беҳтаршавии вазъи зиндагии сокинони ноҳия шароити мусоид ба бор овардаанд.

 Бояд зикр намуд, ки ин иқдоми соҳибкори ватаниро дигар афроди ноҳия ба инобат гирифта, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ин гӯшаи кишвари азизамон сохтмони чунин иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст.

DSCN0032.JPGDSCN0017.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.