Вахш. Мулоқоти судманд

  Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, мудирони бахши кор бо ҷавонону занон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

  Одилҷон Маҳмадов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия, ҷаласаро кушода риштаи суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дод. Мавсуф аз сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, амалҳои хоинонаву ватанфурӯшонаи душманони давлату миллат, ки ба фазои тинҷу оромӣ Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз халал ворид мекунанд, бахусус ҷавонон аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ даъват ба амал овард.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.