Таҳлили рушди тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли 2018

 ЛевакантРӯзи 09.07.2018 сол дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Левакант Самизода С. ҷамъбасти натиҷаҳои рушди тарақиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода А. муовини раиси шаҳр Қурбонова Н. роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр Неъматзода Ҳ. ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.

  Муовинони раиси шаҳр бурду бохти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, вобаста ба роҳҳои ҳаллу фасли камбудиҳои ҷойдошта фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Раиси шаҳр Самизода С. сардори нозироти андози шаҳр Раҳмонзода А. инчунин Саидзода С. сардори Раёсати молияи шаҳр, Хоҷаев Қ. мудири бахши саноату манзил, Рустамов Н. мудири бахши кишоварзӣ, Тоиров Т, мудири бахши маориф, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳрро дар робита ба проблемаҳои матраҳшуда пурсиш намуда, барои сари вақт андешидани чораҳои зарурӣ супоришҳои қатъӣ дод.

  Раҷабов Р. муовини раиси вилояти Хатлон, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро намояндагӣ мекард, дар баромади худ диққати ҳозиринро ба ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, бо мутахассисони соҳавӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустии шаҳр ва ҳоказо ҷалб намуд.

  Дар охир барои бартараф сохтани камбудиҳо ва таъмини фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои шаҳр қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.