Пешгири фурӯши пассифати маҳсулоти озуқаворӣ

Кӯлоб. Маркази таъмини бехатари озуқаворӣ дар шаҳри Кӯлоб барои пешгирии манъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва эъмин нигоҳ доштани вазъи эпизоотикии маҳал чораҳои заруриро амалӣ намудааст.

 Дар бозорҳои «Саховат» ва «Сомониён» озмоишгоҳҳои Марказ фаъолияти доимӣ дошта мутахассисон маҳсулотҳои гӯшти, ширу, тухм ва дигар маводҳои ниёзи аввалро таъмин намуда, барои таъмини амнияти бехатари озуқаворӣ чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

 Дар ин давра 38 нуқтаи фурӯши гӯшт ва мағозаҳои, ки ба фурӯши маҳсулоти гӯштӣ машғуланд санҷиш гузаронида шуда, нисбати 12 нафар маъмурӣ ба маблағи 2 ҳозор сомонӣ амалӣ карда шудааст.

  Барои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот эмгузаронӣ амалӣ шуда, 17,7 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 11,9 ҳазор сар чорвои майдаи шохдор бар зидди бемории сӯхтанӣ ва 9,1 ҳазор сар чорвои калони шохдор 7,8 ҳазор сар чорвои майдаи шохдор бар зидди оқсил (яшур) эм гузаронида шудааст. Айни замон ҳолати эпизоотӣ муътадил мебошад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.