Баргузории курси такмили ихтисос, семинар машварати бозомӯзӣ барои масъулони соҳаи варзиш

  Дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш рӯзҳои 4 – 6 июли соли равон курси такмили ихтисос барои мураббиёни мактабҳои варзишӣ баргузор гардид.

  Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Кумита Раҳмонов Сайраҳмон ба мураббиён маълумотҳо оид ба талаботҳои стандарти тайёрии варзишӣ, санадҳои танзимкунандаи соҳа ва дастурҳои методӣ дода шуд. Ҳамчунин дар доираи курс дарси кушоди намунавӣ барои мубодилаи таҷриба ташкил карда шуд.

  Қайд гардид, ки дастовардҳои варзишгарони вилоят сол аз сол зиёд гардидааст. Аз ҷумла, варзишгарони вилоят дар ин давра 257 медали тилло, 278 медали нуқра, 392 медали биринҷӣ ҳамагӣ 927 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 медал зиёд мебошад. 

  Ҳамзамон фардо рӯзи 7 июл баргузории семинар машварати бозомӯзӣ барои масъулони соҳаи варзиш аз Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳайати маъмурияти мактабҳои варзишӣ дар назар аст.

  Чунин омӯзишҳо дар минтақаи Кӯлоби вилоят низ баргузор карда мешавад.

FB_IMG_15311420043661634.jpgFB_IMG_15311420121983716.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.