Маъюбӣ беморӣ нест

 Кӯлоб. Санаи 8-июл дар кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Ин қишри ҷомеа таҳти ҳимоя ва сарпарастии ҳамешагии давлату ҳукумат қарор дорад.

 Санаи 6 июл дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб Рӯзи маъюбон таҷлил гардид. Дар чорабинӣ намоиши дастовардҳои маъюбон ба маъраз ва фурӯш гузошта шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба 8 нафар маъюбон аробачаи маъюбӣ, 2 адад худрав (ходунок) ва пойафзоли ортопедӣ тақдим карда шуд.

 Бояд гуфт, ки бо мақсади татбиқи қонуни мазкур дар зарфи 6 моҳи соли 2018 ба 18 нафар маъюбони имтиёздошта ва барҷомонда аробачаи маъюбӣ, 15 адад асобағал, 20 адад асо, 2 адад худрав ва 2 адад асои нобиноӣ ройгон тақдим карда шуд.

  Ҳамзамон бояд қайд кард,ки дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи филиали корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии шаҳри Кӯлоб низ ба маъюбони гурӯҳи 1, 2-юм 184 ҷуфт пойафзоли ортопедӣ, 9 адад асо, 35 адад асои то оринҷ ва 6 адад дастгоҳи шунавоӣ ройгон таъмин карда шуд.

  Дар 6 моҳи соли 2018 ба ин гурӯҳи нафақахурони имтиёздошта 3 адад роҳҳат ба осошгоҳи Ромит, 4 адад ба осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм» ва 2 адад ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» таъмин карда шуд. Мавриди қайд аст, ки дар давоми соли 2018 ба 35 нафар маъюбони гурӯҳи 1, 2 замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ таъмин карда шуд.

  Ҳамзамон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шахсони саховатпеша дар арафаи Иди сайиди фитр ба 930 оила кӯмак расонида шуд.

  Баъд аз баромади намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир карда шуда буд, ба иштирокчиён фараҳу шодӣ тақдим намуд.

20180706_182508-300x225.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.