Ҷаласа бо иштироки Қоҳир Расулзода дар Хатлон

 Имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласа оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

 Дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, кумита ва раёсатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, раисонини ҷамоату шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

 Дар оғози ҷаласа раиси вилояти Хатлон баромад намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ҷамъомад шинос шудан бо рафти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оиди корҳои ободони ва бунёдкори бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоату шаҳру деҳоти вилоят аз ҷумла сохтани марказҳои хизматрасони бунгоҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва то мактабӣ, ҳамому сартарошхонаҳо, барқарор намудани роҳҳои аҳамияти маҳали дошта, сехҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои хурдӣ саноатӣ ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода қайд намуд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва аз ҷумла вилояти Хатлон оиди сохтмони иншоотҳои ҷашни нақшачорабиниҳо таҳия гардиданд. Қайд гардид, ки бо назардошти талаботи маҳал дар деҳаҳо ва ҷамоату шаҳраки вилоят сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб,боғчаҳо, бунгоҳои тиббӣ ва ҳамому сартарошхонаҳо ба роҳ монда шавад. «Барои иҷрои корҳои ба нақша гирифта шуда, тамоми захираҳо истифода бурда шаванд. Ҷалб намудани соҳибкорон ба фоидаи кор мебошад» қайд намуд Қоҳир Расулзода.

 Дар охир  таъкид карда шуд, ки аз рафти корҳои иҷрошуда шахсони мутассади дар муҳлатҳои муайяншуда маълумотҳо пешниҳод  намоянд. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.