ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Рӯзи 06.07.2018 сол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба «Рӯзи маъюбон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, маъюбон иштирок доштанд. Музаффар Ғафуров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маъюбонро аз номи раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ ва зиндагии шоистаро дар тинҷиву осоиштагии меҳан таманно намуд. Қайд гардид, ки давлату ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиман маъюбону барҷомондагонро дастгириву ғамхорӣ мекунанд. Ин аст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бевосита шахсони имконияти маҳдуддоштаро кӯмакрасонӣ, ғамхорӣ ва дастгирии доимӣ менамояд.

 Рӯзи 06.07.2018 бахшида ба «Рӯзи маъюбон» 120 нафар шахсони имконияти маҳдуддоштаи шаҳрро бо туҳфаҳои махсус сарфароз гардониданд. Илова бар ин, дар тарабхонаи «Орзу»-и шаҳр дастурхони идона ороста шуд. Дар рафти чорабинӣ ба маъюбон аробачаи маъюбӣ, асобағал, лавозимоти рӯзгор тақдим карда шуд.

 Баъдан шахсони имконияти маҳдуддошта низ суханронӣ карда, аз дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар миннатдорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки онҳо ҳаргиз худро танҳо ҳис намекунанд ва дастгирии доимӣ меёбанд. Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии кормандони шуъбаи фарҳанг пешкаш гардид. Шахсони имконияти маҳдуддоштаро шодиву нишот фарогир буд. Рақсу хурсандии онҳо то дер боз идома ёфт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.