Дар вилояти Хатлон даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз гардид

 Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аввали моҳи июл дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз ёфт.

 Зимни фестивали варзишӣ тавассути барномаҳои театрӣ намудҳои миллии варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, буҷулбозӣ, камонварӣ, камонғӯлак, фалахмонпартоӣ, шоҳмот, ҳойталак, бандкашӣ ва ҳамзамон як қатор намудҳои муосири варзиш, ба мисли футбол, волейбол, таэквондо (ВТФ), муай К-1, шамшербозӣ, гимнастика, бокс, дастхобонӣ ва ғайраҳо муаррифӣ карда шуданд.

  Дар рӯзи ифтитоҳи мусобиқа беш аз 3000 нафар, аз ҷумла, 1000 нафар аз ҳисоби кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, собиқадорон, мураббиён, варзишгарон, ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва беш аз 2000 нафар тамошобинон иштирок намуданд.

  Дар доираи даври дуюми фестивал мусобиқаҳо аз рўи намудҳои гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга, шоҳмот ва бандкашӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доир карда мешаванд.

  Бояд зикр кард, ки беҳтарин варзишгарон ва ғолибони даври дуюм ба даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, роҳхат мегиранд.

  Даври ниҳоии фестивали мазкур моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин варзишгарони мамлакат ва ҳаводорони варзиш дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

20180623_061315.jpg20180623_062550.jpg20180623_101836.jpg20180623_094218 - копия (2).jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.