Зинда бод Ваҳдати ҷовидонаи миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон!

 Рӯзи 27 июни соли 2018 ба муносибати 21 солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии калони оммавӣ-фарҳангӣ доир карда шуд. Чорабинии бошукӯҳ аз ду қисмати калон иборат буд:

 Қисмати якум ҳамоиши ҳунармандони мардумӣ ва намоиши маҳсулотҳои нониро ташкил мекард. Дар намоиши калони ҳунармандон тамоми хунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсулоти омода кардаи худро ба тамошо ва ба фурӯш бароварданд. Кори дастии босифат тайёр кардашуда аз тарафи роҳбарияти ноҳия баҳои баланд гирифт. Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст,ки дар рӯзҳои наздик маркази фуруши маҳсулоти ҳунармандонро таъсис дода, ба ин васила дар рушди корҳои хонагӣ мусоидат менамояд.

 Қисмати дуввуми чорабинӣ ин ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ ва табрикоти раиси ноҳияро дар бар гирифт. Роҳбари нохия бори дигар аҳамияти муҳими Ваҳдати миллиро таъкид кардан два асоси рушду нумуъ ва ҳастии давлату миллатро аз бақои Ваҳдати миллӣ донистанд. Мардумро ба сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ даъват карданд.

 Барномаи фарҳангӣ ба тамоми мардуми ноҳия таҳти унвони «Ваҳдати миллии мо –саодати рӯзгори мост!» пешниҳод карда шуд. Дар кори чорабинӣ беш аз 5000 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагони синфҳои 10-11 фаро гирифта шуданд. Занони ноҳия дар ташкили кори намоиши нонҳо саҳм гузошта, мукаддас будани нонро ба наврасону ҷавонон бори дигар таъкид карданд. Сулҳу амонӣ нишони сериву пурии дастархони хонадони мардуми Тоҷикистон аст. Ваҳдати мо бо қиммати ҷони ҳазорҳо ҷавонписарони Тоҷикистон ба даст омадааст, мо инро хуб дар мағзу устухони хеш эҳсос кардаем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт ва ҳифз менамоем. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.