БОЗДИДИ ВАЗИР ВА РОҲБАРИ JICA АЗ НОҲИЯИ ПАНҶ

 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Шиничи Китаока 26 июн барои шиносоӣ бо фаъолияти лоиҳаҳои JICA ба ноҳияи Панҷ сафар карданд.

 «Лоиҳа оид ба бозсозии шабакаи таъмини оби нӯшиданӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон», ки меҳмонон аз он дидан карданд, солҳои 2014-2016 амалӣ гардида, барои татбиқи он $17 млн. ихтисос дода шудааст. Татбиқи ин лоиҳа наздик ба 29 ҳазор нафарро дар ноҳияи Панҷ бо оби софи нӯшиданӣ таъмин намуд. Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбари JICA аз маркази захиравии занонаи ноҳияи Панҷ, ки дар доираи «Лоиҳаи беҳсозии вазъи иҷтимоии аҳолии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» (LITACA) амалӣ мешавад, дидан намуданд. Барои иҷрои лоиҳаи LITACA ҳукумати Ҷопон наздик ба 9,5 млн. доллари ИМА ихтисос додаст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.