ДАНҒАРА. 624 НАФАР СОҲИБИ КОР ШУДАНД

 Дар панҷ моҳи соли 2018 ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Данғара 515 шаҳрванди бекор муроҷиат кардааст.

 Ба иттилои сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Данғара Салимҷон Нуралиев, аз ин ҳисоб 460 нафар мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 324 нафар дар асоси роҳхат бо ҷойи кор таъмин гардид. 22 нафар корҷӯёни беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 276 нафар ба касбомӯзӣ, аз ҷумла ба дӯзандагӣ 39, асосҳои омӯзиши компютер 25, гулдӯзӣ 43, қуроқдӯзӣ 42, зардӯзӣ 46, бофандагӣ 15, қолинбофӣ 15, дуредгарӣ 24, кафшергарии барқӣ 14 нафар ҷалб шуда, 247 нафар тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби ҳуҷҷатҳои касбӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 624 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд. Ба 125 нафар бекорон, аз ҷумла ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, кумакпулии яквақта ба маблағи 400 сомонӣ, ҷамъ 48 ҳазор сомонӣ дода шуд. Аз ҳисоби ҷавонписарону духтарон ва оилаҳои серфарзанд 14 нафар дар асоси роҳхат дар беморхонаи марказии ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.                                                                                                       “Хатлон”

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.