ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ГУЛЗОРИ МАЪРИФАТ”

 Дар озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» панҷ боғи беҳтарин аз вилояти Хатлон, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд, шаш нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

 Ба директори боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Данғара Ҳусейнов Сулаймон барои ишғоли ҷойи якум дар сатҳи ноҳиявӣ диплом, ифтихорнома, 500 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, ба сарвари боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб Одинаев Абдураҳим барои ҷойи дуюм дар сатҳи шаҳрӣ диплом, 500 сомонӣ, нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва туҳфаҳои хотиравӣ, ба директори боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар Холбобоева Ҷонона барои ҷойи сеюм дар сатҳи шаҳрӣ диплом, 500 сомонӣ, нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба директори боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритус Менглибоев Муҳибулло барои ҷойи сеюм диплом, 500 сомонӣ, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ Карим Шарипов дар номинатсияи “Ташкилотчии беҳтарин” ва сарвари осорхонаи «Ҳунармандон»-и шаҳри Кӯлоб дар номинатсияи “Рассоми беҳтарин” ғолиб дониста шуданд.                                                                                                      “Хатлон”

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.