ҶУДО КАРДАНИ 6,9 ГА БАРОИ БУНЁДИ КОРХОНАҲО

 Дар Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ”-и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб барои бунёд намудани шаҳраки саноатӣ 6,90 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

  Аз дафтари матбуотии шаҳрдории Кӯлоб ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ки аз ин ҳисоб аллакай 3,05 га замин барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорон тақсим карда шуда, 3,85 гектари дигари он ҳанӯз боқӣ мондааст. “Аз соҳибкороне, ки ба онҳо ин қитъаи замин ҷудо карда шудааст, аллакай соҳибкор Абдулло Намозов корхонаи алибестербарориро сохта, таҷҳизоти онро ворид намудааст”, - зикр кард манбаъ ва афзуд, ки хоҳишмандоне, ки хоҳиши сохтани коргоҳҳои саноатиро доранд, метавонанд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ариза муроҷиат намоянд.                                                                                                                                    “Хатлон”

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.