СЕ ДАСТАИ ЗАНОНАИ ХАТЛОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН

 Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон баргузор шуд.

 Дар аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 4 июл оғоз гардида, моҳи сентябр ба анҷом мерасад, 6 даста: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок мекунанд. Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввал «Зебонисо» бо «Бохтар», «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Суғд» бо «Барқ Норак» вомехӯранд. Тавре мудири шуъбаи футболи занонаи Департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева иброз дошт, чемпионати мамлакат як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби занонаи кишвар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.                                      “Хатлон”

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.