САФАРИ ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯИ  МУЪМИНОБОД

 Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Сулаймон Зиёзода ба ноҳияи Муъминобод сафар карда, бо кору пайкори кишоварзон аз наздик шинос гардид.

 Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, бо мақсади ҳаматарафа омӯхтани ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ ва захираи хӯроки чорво дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Дар машварати кории муовини якуми раиси вилояти Хатлон С. Зиёзода, ки бо иштироки масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, раисон ва мутахассисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ доир гардид, вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия ҳаматарафа баррасӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастур дода шуд.                                                                                                              “Хатлон”

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.