Левакант. ВНМО ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

 Рӯзи 5 июли соли ҷорӣ дар деҳаи Навзамини ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бо иштироки сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Азизов М ҳамшираи шафқати Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО дар шаҳр Ҳафизова Аҳлинисо, ҳамшираи шафқати муассисаҳои КАТС-и шаҳр Ғафурова Муслима, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Хидиров М., котиби ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” Сафаров П. ва беш аз 70 нафар сокинони ин деҳа вохурӣ доир гардид.

 Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба хатари ин беморӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон, рӯ ба афзоиш доштани ин бемории хатарнок, омилҳои сироятёбӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди суҳбати умум қарор гирифт.

 Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Азизов М. оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан ВНМО ва аломатҳои онҳо иттилоъ дода, қайд карданд, ки баҳри солимгардонии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳр марказҳои махсус фаъолият менамоянд. Инчунин иброз намуданд, ки барои ташхис ва табобат оид ба ин беморӣ дар ҳуҷраҳои махсусгардонида хизматрасониҳо ройгон мебошанд.

 Дар баромадашон иброз намуданд, ки баҳри солимии хеш аз ҳуқукҳои шаҳрвандиамон истифода бурда, ҳангоми гузаронидани сӯзандоруҳо ва хизматрасониҳо вобаста ба кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо аз масъулин талаб намоем, ки тибқи стандартҳои тиббӣ корро ба роҳ монанд. Зеро яке аз хавфҳои гузариши бемориҳои сироятӣ дар ин дида мешавад.

 Барои огоҳии бештар ёфтани аҳолӣ аз зарару зиёни ин беморӣ ба иштирокдорон аз ҷониби Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО дар шаҳр варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.