СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ БОХТАР

 Дар муассисаи таълимии №3-и шаҳри Бохтар семинар-машварат бо иштироки бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД дар вилояти Хатлон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз», маъмурият ва кормандони муассисаи мазкур, истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ургут»-и шаҳр баргузор гардид. Семинари мазкур бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ва эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 доир шуд. Ин ҷо бештар ҷавонон ва занон даъват гардида буданд. Бо онҳо бобати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 семинар-машварат сӯҳбат оростанд.

 Яке аз мақсадҳои дигари гузаронидани ин омӯзиш, баланд бардоштани савияи дониши мардум оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВИЧ/СПИД ва омода намудани онҳо барои баргузории вохӯрӣ дар байни мардум, гузаронидани дарсҳои иловагӣ оид ба масъалаи номбурда бо хонандагони синфҳои болоӣ мебошад. Оид ба мавзӯи семинар-машварат мутахассисони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баромад карданд. Оид ба гирифтории занон ба ВНМО табодули афкор карда, ба ҳамагон аз хатарнок будани ин беморӣ ва роҳҳои эминмонӣ ҳушдор доданд.

 Чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр идома дорад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.