Левакант. Ҷалби 800 кӯдак ба лагерҳои истироҳатӣ

 Дар шаҳри Левакант зиёда аз 1000 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр дар лагер ва майдончаҳо истироҳатию солимгардонӣ ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

 Ба иттилои корманди бахши маорифи шаҳр М. Гулакова қарор аст, ки ин шумораи хонандагон дар се давр ба истироҳати муфид ҷалб гарданд. То ҳанӯз як даври истироҳат паси сар шуд ва даври дуюм дар марҳилаи оғозшавист.

 С. Ҷойлобова, ки масъулияти раҳбарии майдончаи истироҳатии «Нилуфар»-ро бар дӯш дорад, мегӯяд, ки дар ин ҷо ба хотири истироҳати дуруст ва боманфиати кӯдакон, ҳамчунин бедор кардани завқи эстететикию зебоипарастии онҳо имкониятҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Бо ин мақсад чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ва машғулиятҳои омӯзишии кӯдакона ба роҳ монда шудаанд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.