Левакант. Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати аъзои гурӯҳи кории роҳбарикунанда оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони маҳаллаҳо доир гардид.

 Дар рафти машварат муовини раиси шаҳр Н. Қурбонова ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҳ. Неъматзода бузургии Истиқлолияти давлатӣ, нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаи мардуми тоҷикро махсусан қайд намуда, таъкид бар он доштанд, ки баҳри дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани он аз имрӯз бояд ғайратмандона заҳмат кашем.

 Қайд гардид, ки имрӯз замони он расидааст, ки бояд на танҳо дар маркази шаҳр, балки дар тамоми деҳаҳои ҳудуди шаҳр марказҳои фарҳангию фароғатӣ, нуқтаҳои хизматрасониҳои маишӣ ва майдончаву толорҳои варзишӣ мавҷуд бошанд. Аз ин рӯ лозим аст, ки ҳамкориро бо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон бештар намоем ва онҳоро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ дар маҳалли зисти худ ҳавасманд намоем.

 Инчунин вобаста ба номгузорӣ намудани кӯчаҳо, ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ, ташкил намудани ҳашарҳо ва корҳои дастаҷамъона баҳри тозаю озода ва сабзу хуррам гардонидани деҳаву маҳаллаҳо фикру андеша ва пешниҳодоти раисони маҳалла шунида шуд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.