ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Датсгоҳи раиси шаҳри Бохтар Музаффар Ғафуров ва намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуҳаммади Нуралӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанде аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар вохӯриҳо баргузор намуданд. Гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳр дар маҳаллаҳои Ҷалолиддини Румӣ, Навобод ва Дӯстӣ вохӯриҳо доир намуда, бобати омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолият ҳарф заданд. Қайд гардид, ки 30-солагии Истиқлолият бояд дар сатҳи баланд баргузор гардад ва омодагӣ мувофиқи матлаб бошад. Гӯшаву канори кишвари азизамонро худамон бояд ободу зебо ва гулшукуфон намоем.
 Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар раванди вохӯриҳои мазкур қисмати зиёди соҳибкорон, шахсони саховатпешаи шаҳри Бохтар оид ба нақшаҳои худ бахшида ба 30 –солагии Истиқлолият ҳарф зада, ба масъулон хабар доданд. Дар маҳаллаҳои Ҷалолиддини Румӣ, Навобод ва Дӯстӣ соҳибкорон қайд доштанд, ки то 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ бунгоҳҳои тиббӣ, боғчаҳои томактабӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншоотҳои гуногунро сохта ба истифода медиҳанд.
 Дигар гурӯҳҳои корӣ низ дар гӯшаву канори шаҳри Бохтар ба ҳамин шакл вохӯрӣ ва ҷамъомадҳо баргузор намуда истодаанд. Мардумро ба ободониву кабудизоркунӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфойи ватани азиз даъвату раҳнамоӣ мекунанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.