Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо намояндагони «ОКСФАМ»

  28-июни соли 2018. Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д.Қ ҳайати намояндагони Ташкилоти байналмилали «ОКСФАМ»-и Британияи кабир дар Тоҷикистон зери роҳбарии директори «ОКСФАМ» дар Тоҷикистон Шавқат Ализода дар ҳузури худ пазируфт.

 Дар мулоқот аз ҷониби меҳмонон Саид Файз ҳаят роҳбари барномаи «Адолати иқтисодӣ», Масъуда Саидова роҳбари барномаи «Зан соҳибкорӣ ва Бозор Фарҳод Холиқов ҳамоҳангсози барнома дар вилояти Хатлон Раҷабали Раҷабов муовини раиси вилоят, Давлатхуҷа Мирзоев сардори раёсати иқтисод ва савдои вилоят Маҳмадсаид. Зуҳуров- мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабини дастгоҳи раиси вилоят Фақир Саъдуллоев мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят, Баротали Бойматов мудири бахши робитаҳои иқтисодии хориҷии Раёсати иқтисод ва савдои вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок варзиданд.

 Дар мулоқот таъкид гардид, ки, раванди муносибати ҳамкории тибқи ҷонибҳо 18 сол боз дар ҷараён аст. Бо дастгирии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар вилоят якчанд лоиҳаҳо дар самтҳои расонидани маводи ғизоӣ ба гурезагони ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бурдани камбизоатӣ аҳолӣ, тараққӣ ва рушд додани сектори хоҷагии қишлоқ тиҷорат ва иқтисод, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшоки ва баланд бардоштани сатҳи баланд бардоштани санитари аҳолӣ, пешгири аз офатҳои табии ва фалокатҳои техногени баробарҳуқуқии гендерии занону мардон дар оила ва рушди соҳибкори дар байни занон амалӣ гардонида шуданд ва бархе аз онҳо имрӯзҳам дар ҷараёнанд.

 Мақсади баргузории ин вохури аз тарафи ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои иқтисоди оид ба ҳамоҳанг намудани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ фермери соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷамъияти дар тайёр намудани заминаҳои (Платформаҳои) иқтисодии рушди хоҷагии халқ дар вилоят арёби гардид. Тарафҳо ҷиҳати амалӣ ин ҳадафҳо дар оянда ба мувофиқаи дахлдор ноил гардиданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.