ТАШРИФИ ҲУНАРМАНДОН АЗ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ШАҲРИ БОХТАР

 Гуруҳи ҳунармандони театри давлатии мусиқии ба номи Муқимии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 Дар толори театри шаҳри мусиқи-мазҳакавии шаҳри Бохтар намоиши ҳунармандон барпо гардид.
Тақлид, сурудумусиқӣ, намоиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ
аз ҷониби ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд пешкаш гардид. Намоиши пешниҳодгардида аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардум гирифташуда, мавзӯи бунёди оила, тарбияи ҷавонон, мушкилоти хонаводагиро дар бар мегирад.

 Бояд қайд кард, ки қаблан ҳунармандони касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Бохтар ва шаҳру навоҳии вилоят бо барномаҳои ҳунарӣ сафар доштанд. Ҳамзамон рӯзҳои 5 ва 6 майи соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар намоиши молу маҳсулоти ширкатҳои вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Форуми соҳибкорони вилоятҳои ҳамсояи Хатлон ва Сурхондарё баргузор гардида буд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.