Хизматрасонии сайёр ба истироҳатгоҳҳои наздимактаби

 Тариқи хизматрасонии сайёр китобдорон дар истироҳатгоҳои мавсимиии наздимактабии шаҳри Бохтар аз ҷониби шуъбаҳои хизматрасони ва толори хониши бачагона маҳфили «Сулҳ баҳор аст –Баҳор оварад» бо иштироки доираи наврасон баргузор гардид.

 Дар маҳфил китобдорони ҷавон оид ба сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонандагон маълумоти пурра ва содаю асоснок кардашударо фаҳмонида инчунин дар бораи хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд. Дар навбати худ хонандагон бо қироати ашъори шоирон дар ситоиши сулҳу ваҳдат, дӯстию бародари ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.

 Китобдорон ба хонандагон дастур доданд, ки онҳо метавонанд дар қисмати дуюми ҳарруз ба китобхона ташриф оварда дар озмуни “Библиомарафон” дар бахши хонандаи беҳтарин ба мутолиаи китоб ва сайқал додани маҳорати хониш машғул шаванд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.