КОНФРОНСИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДДК

 29-уми июн дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо ташаббуси  Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар мавзӯи «Тероризм ва экстремизм- таҳдид ба ҳаёти осоиштаи инсоният» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.Дар ибтидои  конфронс оиди мавзуъ филми ҳуҷҷатӣ ба намоиш гузошта шуд.Сипас мудири кафедраи иқтисоди ДДК, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Пиралӣ Назаров дар мавзӯи «Заминаҳои пайдоиши ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ин ҳаракатҳо»,  ховаршинос Зафари Мирзоён дар хусуси «Сиёсати давлат дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм», сармутахассиси Шуъба оид ба корхои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Умедҷон Эмомов дар мавзӯи «Ваҳдат, арзишҳои миллӣ ва ифротгароӣ», номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Гулчеҳра Муродова, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  Мирзозода Саидмуъмин, намояндаи ВКД дар минтақаи Кӯлоб Набизода Алиҷон Шодимад ва сархатиби шаҳри Кӯлоб  Ҳайдар Шарифзода дар мавзуи мазкур изҳори назар  намуданд.  

  Дар кори конфронс мудири Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Сафарбек Шарифзода иштирок ва баромад намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.