ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ШАРАФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, бо иштироки фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб, ба шарафи 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова дар суханронии табрикии хеш аз тариқ ва роҳҳои расидани миллатамон ба Ваҳдати сартосарию комил,  андешаронӣ намуда, ҳозирин ва сокинони шаҳру деҳотро ба фарорасии ин рӯзи муборак аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муборакбод намуданд. Пас аз суханронии муовини раиси шаҳр, ба як қатор ашхоси арзандаи шаҳру деҳоти Кӯлоб, ки миёнашон чанд нафар аз фаъолони ҷанги шаҳрвандӣ буданд, бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    Дар поёни ҷамъомади тантанавӣ санъаткорони муассисаҳои фарҳангии шаҳр бо шеъру таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷазоби хеш, хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.