Баргузории фестивали «Марҳабо ба Суғди бостонӣ» бо  дастгирии Федератсияи  футболи Тоҷикистон

  Дар  доираи чорабиниҳо  бахшида  ба  Соли  рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз 28 инюн то 2 июли соли    2018  бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи   Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомали Фестивали минтақавии “Марҳамат ба Суғди бостонӣ” доир гардид.

 Дар рӯзи аввали  чорабини  иштирокчиёнро дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо навои карнаю сурнаю шеъру тарона ва нону намак истиқбол гирифтанд.

 Дар ин ноҳия меҳмонон  аз  оромгоҳ ва осорхонаи шоири маъруф Нақибхони Туғрал   дидан намуда аз  фаъолияти ахли фарҳангу санъати ноҳия  шунос  шуданд ва аз Қасри фарҳанги ноҳия  дидан намуданд.

  Сипас  тибқи  накша  иштирокчиёни Фестивал  ба  ноҳияи  Панҷакент омаданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр роҳбарияти шаҳр, аҳли илму фарҳанг ва  намояндагони дигар соҳаҳо самимона ва дар сатҳи  баланд пазироӣ намуданд. Дар Панҷакент иштирокчиёни  фестивал аз Маҷмааи  маркази фарҳангии ҷавонон ва намоиши маҳсули дасти ҳунармандони ин шаҳри қадимаи мамлакат шинос гардиданд.  Ҳамзамон  аз осорхонаи шаҳри Панҷакент, ёдгориҳои Саразми қадима ва Панҷакенти қадим дидан карда, аз таърихи ин иншоотҳо    маълумот  гирифтанд.

 Дар  рӯзи  дуюми  чорабинӣ  иштирокчиён ба  шаҳри  Истаравшан  омаданд ва  аз мавзеҳоӣ таърихии  ноҳия  Ҳазрати Шоҳ ва Қалъаи Муғи шаҳри Иставршан боздид карданд.

 Баъдан  корвони иштирокчиёни   Фестивали минтақавии “Марҳамат ба Суғди бостонӣ”   омаданд  ва чорабиниҳо дар шаҳри Исфара давом ёфт.

 Дар ин чо иштирокдорони фестивал дар Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Исфара, ки    бо иштироки намояндагони Ҳукумати Чумхурии Точикистон, Маҷлиси Намояндагони Олии мамлакат, намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, созмонҳои  байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон ва доирахои васеъи сайёҳони ватанию хориҷӣ  иштирок  намуданд.

 Раиси  шаҳри Исфара  Саломзода Сичоуддин дар назди ҳозирин баромад намуда,  қайд кард,    ки шаҳри Исфара яке аз мавзеъхои сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои захираҳои бойи сайёхӣ мебошад. Қайд гардид, ки ҳоло дар шаҳри мазкур 110 ёдгории  таърихӣ мавҷуд буда, нодиртарини онҳо  Лангари моҳиён, Қалъаи сурх, Ҳазрати Шоҳ ба  хисоб  мераванд.

  Дар идомаи кори форум раиси Кумитаи  илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони  Маҷлиси Намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова доир ба имкониятҳои шаҳру навоҳии мамлакат ва имкониятҳои хуби сайёхӣ дар мамлакат ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ маърӯза кард.

 Ҳамчунин дар кори форум раиси Кумитаи  рушди сайёхии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон  Абдуғаффорзода баромад  намуда қайд кард, ки бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Чумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мамлкатаи мо узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакати мо зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид:

 -Соли 2018, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Тоҷикистон ба самти нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил ноил гардид. Ин  бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, босамар дар амал татбиқ гашта истодаанд.

  Масъулони Кумитаи сайёхии кишвар иброз аз он доштанд, ки   боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунархои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомали баргузор гашта истодааст.

   Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати чумҳурӣ як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тули панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав пешниҳод карда шуданд, ки бевосита ба рушди соҳа такони нав хоҳанд бахшид.

  Инчунин дар идомаи кори форуми мазкур Анвар Яқубӣ муовини раиси вилояти Сугд баромад дошта,  иброз аз он намуд, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар робита ба эълон шудани Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардуми корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аксари мавзеҳои таърихию фарҳангии  вилоят таъмиру тармим гардидааст ки имрӯз садҳо сайёҳони дохилию хориҷи аз онҳо дидан мекунанд.

 Анвар Яқубӣ зимни баромадаш қайд кард, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари мамлакат таъмиру барқарорсозии мавзеҳои нодири таърихӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла Саразми бостонӣ, ки таърихи пеш аз 5 ҳазорсола   дорад.

 Дар интиҳои Форум маросими ботантанаи  ба имзо расидани санадҳои дуҷониба, ки аз 15 Ёддошти тафоҳум иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва АМА-ро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

 Ҳамчунин дар кори Форум  бо иштироки доираи васеи иштирокчиён ва намояндагони давлатхои хориҷӣ дар осоишгоҳи номдори “Зумрад”  намоиши ҳунарҳои мардуми кандакорӣ, рассомӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, атласу адрасбофӣ доир гардид, ки дар Кохи фарҳангии осоишгоҳ бо иштироки аҳли ҳунару санъат барномаи консерти баргузор гардид, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд дода шуд.

 20180629_170507.jpg

IMG_20180629_170655586.jpg

IMG_20180703_114251_957.jpg

                                                    

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.