Кӯлоб. Тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ

 Рӯзи 26.06.2018 сол дар аксар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ доир карда шуд. Аз ҷумла дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» ҳамоиш доир карда шуд.

 Дар ҳамоиш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Сулаймон Султон, директори ташкилот Шокиров Саидкарим, раиси нақша- чорабинии ташкилот Наимов Бозоралӣ, директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, аъзоёни ҷамъият Шафоат Комилова ва Азимов Суҳроб суханронӣ намуданд.

 Иштирокчии фаъоли Ҳаракати Ваҳати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Сафаралӣ Бозорзода ва аъзоёни фаъоли ҷамъият бо сипосномаҳои ҷамъият сарфароз гардонида шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.