Машварати кории муовини якуми раиси вилояти Хатлон бо кишоварзони ноҳияи Ҳамадони

 Рӯзи  23 июни соли 2018 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз субҳи барвақт меҳмони ноҳияи мо буданд ва ба кору пайкори кишоварзони ноҳия аз наздик шинос гардида

 Ёдовар бояд шуд, ки бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо мақсади ҳаматарафа омӯхтани ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ ва захираи хуроки чорво дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гуруҳҳои корӣ таъсис додашуда аст.

 Дар машварати кории муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зиёзода С. Р, ки бо иштироки масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, раисон ва мутахассисони Ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ доир гардид, вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия, ҳаматарафа баррасӣ карда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастур дода шуд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.