Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб доир карда шуд

 Рӯзи 25.06.2018 сол дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб доир гардид.

 Дар иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз шаҳру деҳоти Кӯлоб, муовинони раиси шаҳр, роҳбарону ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабӣ, тандурустии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, раисони маҳаллаҳо, сардорони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳо ва намояндагони васоити ахбори омма даъват ширкат варзиданд.

Ҳамчунин дар кори иҷлосия муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Хидирзода Махфират Умар иштирок намуданд.

 Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло масъалаҳои рафти амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии №29 Қурбонов Файзалӣ Гадоевич оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ, таъин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №40 ба ҷойи вакили хориҷшуда, номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба номи профессор Наврӯз Султон ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб мавриди муҳокима ва омӯзиш карор дод.

 Муовини раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Хидирзода Махфират Умар ба сухан баромада, аз аъзоёни комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб хоҳиш намуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва дар маҷмуъ соҳаи иҷтимоӣ кумаки амалии хешро дареғ надоранд.

 Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб вакилон ва иштирокчиёни иҷлосияро бо 21- солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуда изҳор дошт, ки боварии комил дорем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Раёсати маориф ва муассисаҳои зертобеи он ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз ҳама имкониятҳо истифода мебаранд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.