ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

 Рӯзи шанбе раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, зери чилчанорҳои машҳури  маркази ноҳияи Ховалинг,  шаҳрвандони арзу ниёз доштаи ноҳияи мазкурро ба ҳузӯр пазируфт.

  Сараввал сокини деҳаи Ҳалқаёри ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ Ғайратшоҳ Тоҳиров аз раиси вилоят хоҳиш намуд, ки роҳи 17- километраи деҳа ва маркази ҷамоати деҳотро сангфарш намоянд. Баъдан омӯзгори деҳаи Заргарони ҷамоати деҳоти Ховалинг Олимҷон Олимов хостори идомаи гурӯҳи таълимии коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар маркази ноҳия шуданд.Ҳамшираи шафқати беморхонаи маркази ноҳия Мавҷуда Салимова аз раиси вилоят хоҳиши ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони тӯлкашидаистодаи бинои шӯъбаи амрози дарунаи беморхонаи мазкурро намуданд.Фарҳангшинос Амирхон Саидов таклиф намуд, ки бо назардошти  табиати зебо ва  ёдгориҳои беназири таърихии ноҳия, ба ноҳияи онҳо мақоми минтақаи сайёҳӣ дода шавад. Сокини ҷамоати деҳоти «Ҷонбахт» Малоҳат Сатторова ба раиси вилоят арз намуд, ки ноҳияи онҳо солҳо боз аз тамошои телевизиони вилоят маҳруманд. Директори генералии ҶДММ «Гули Мурод» шикоят кард, ки корхонаи истеҳсолии онҳо бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати иҷозатнома, фаъолият накарда истодааст.Ба ин хотир хостори  ҳалли масъаларо намуданд. Собиқадори соҳаи хоҷагии қишлоқ Неъматулло Қаландаров арз карданд, ки айни ҳол сокинони ноҳия дар ҷамъоварии  ему хошок, мушкили техникӣ доранд. Мавсуф дархости  кӯмак кардани  техникаи алафдаравиро намуданд.

  Раиси вилоят Д.Гулмаҳмадзода баъди шунидани арзу ниёзи шаҳрвандони ба қабул омада, сари масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии сокинони ноҳия изҳори назар намуда, даъват карданд, ки  амалҳои бунёдкориро ҳарчи бештар вусъат дода, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол намоем.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.