Ғолибони озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" ва "Беҳтарин ҷамоати шаҳраку деҳот" муайян шуданд

Имрӯз, 10 январ, дар шаҳри Бохтар ғолибони озмуни вилоятии “Ободгари Ватан”, ки тибқи қарори раиси вилоят ҳар семоҳа дар байни соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъбаст мешавад, эълон ва дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба 17 нафар соҳибкорони хатлонӣ, ки саҳми арзандаи худро дар бунёди бино ва иншоотҳои ҷашнӣ,  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи чоруми соли 2019 гузоштаанд, ҷоизаҳояшонро тақдим намуданд.

Соҳибкор аз шаҳри Бохтар Бобоев Ҳошим барои бунёди муассисаи таълимии томактабии хусусии «Фарзона», Соҳибкор аз шаҳри Кӯлоб Одинаев Холмаҳмад барои бунёди корхонаи парандапарварӣ, соҳибкор аз ноҳияи Восеъ Қурбонов Абдулҳафиз барои бунёди меҳмонхона дар маркази ноҳия, соҳибкор аз шаҳри Норак Алиев Юсуф барои бунёди бунгоҳи тиббӣ ва маркази хизматрасонӣ, соҳибкор аз ноҳияи Балҷувон Ҳалимов Эраҷ Барои бунёди 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №46, соҳибкор аз ноҳияи Муъминобод Раҷабов  Раҷабалӣ Барои бунёди коргоҳи коркарди шир ва дигар хизматрасониҳо, соҳибкор аз ноҳияи Амирзода Мақсуд барои  ташкил роҳбарӣ ва бунёди бинои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, соҳибкор аз ноҳияи Фархор Абдуллоев Амонулло барои 4 сифхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №5, соҳибкорон аз ноҳияи Данғара Сайвализода Фирӯз ва Шоҳрухи  Назар барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Остона ва бунёди маркази хизматрасонӣ, соҳибкор аз ноҳияи Қубодиён Раҳмонқулов  Маъруфхоҷа Барои бунёди боғчаи бачагона дар деҳоти “20-солагии Истиқлол”, соҳибкор аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ Саъдулоев Маҳмадшариф барои бунёди бунгоҳи тиббӣ, сехи дӯзандагӣ, сартарошхона ва ҳаммом, соҳибкор аз ноҳияи Вахш Ашуров Ҳусейн барои  корҳои ободони ва бунёдкорӣ дар даромадгоҳи ноҳия, соҳибкор аз ноҳияи Темурмалик Раҷабалиев Абдусалом барои мумфарш намудани 2,7 километр роҳи маҳаллӣ, соҳибкор аз ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ Абдуллоев Фирӯз барои бунёди корхонаи шарбатбарорӣ дар деҳоти “Қаҳрамон”, соҳибкор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмонов Қулмаҳмад барои  бунёди дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ва ошхона дар мактаби №14, соҳибкор аз ноҳияи Хуросон Азизов Ҳамид барои бунёди боғи нав ва соҳибкор аз ноҳияи Ховалинг Соҳибов Фатҳулло барои корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ (маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва ғайраҳо) дар деҳоти Шугнов сазовори Ҷоизаи “Ободгари Ватан” гардиданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки соли 2019 соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Соҳибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар соли 2018 1061 адад, ва соли 2019-ум 2474 адад иншоотҳои гуногуни таъиноти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд гардид, ки аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф 218 иншоот, тандурустӣ 441, фарҳанг 92, варзиш 246 адад, 53 адад иншоотҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва фермаҳои чорво, паранда, сардхона, корхонаю коргоҳҳои саноатии истеҳсолӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Раиси вилоят ба ҳамаи онҳое, ки дар ин ниятҳои нек ва амалӣ гардидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намудаанд, бахусус ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдорӣ баён намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ҳамчунин ғолибони озмуни “Беҳтарин Ҷамоати шаҳрак” ва “Беҳтарин Ҷамоати деҳот” эълон гардиданд. Тибқи арзёбии кумитаи тадорукоти озмун Ҷоизаи “Беҳтарин Ҷамоати шаҳрак” бо 6000 сомонӣ мукофот ба Ҷамоати шаҳраки “Ховалинг”-и ноҳияи Ховалинг ва Ҷоизаи “Беҳтарин Ҷамоати деҳот” бо 6000 сомонӣ мукофот ба Ҷамоати деҳоти “Корез”-и ноҳияи Данғара тақдим карда шуд.

Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки дар солҳои 2020 ва 2021 соҳибкорон, шахсони баруманд ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят иқдомоти наҷиби худро барои боз ҳам гул-гулшукуфии шаҳру ноҳияҳо ва деҳотҷойҳо равона хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.