Озмуни «Донояк»

    Ҳар сол чун анъана миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Донояк» гузаронида мешавад. Ба ин озмун дар муассисаҳои таълимии вилоят тайёрии ҳамаҷониба дида мешавад. Даври аввали он дар муассисаҳои таълимӣ ва даври  дуюмаш дар сатҳи ноҳия гузаронида мешавад. Бо дарназардошти дурии роҳ имсол тасмим гирифта шуд, ки даври минтақавии ин озмун дар шаҳри Кӯлоб (барои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб) ва дар ноҳияи ба номи Ҷ. Балхӣ (барои ноҳияҳои гуруҳи Бохтар) гузаронида шавад. Аз ин рӯ, рӯзи 9-уми  июн дар муассисаи таълимии №1 ноҳияи ба номи Ҷ, Балхӣ ва дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Кӯлоб даврҳои минтақавии озмуни вилоятии «Донояк» баргузор гардида буд. Дар даври минтақавӣ хонандагони синфҳои 1-4, ғолибони даври ноҳиявии озмун ҷамъ 128 нафар иштирок намуда, 46 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд. 

 Даври вилоятӣ ва ниҳоии ин озмун рӯзи 21-уми июни соли 2018 дар муассисаи таълимии №6 шаҳри Бохтар шуда гузашт. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 1- 4, ғолибони даврҳои минтақавии озмун (аз гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб) ҷамъ 46 нафар иштирок доштанд.

 Барои даври ниҳоӣ саволҳои тестӣ дар доираи барномаҳои давлатии синфҳои 1-4 аз рӯйи фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, математика ва табиатшиносӣ омода карда шуда буданд. Дар ин даври озмун хонандагони шаҳри Норак бештар фаъол буданд. Се нафар хонандагони гимназияи рақами 1 шаҳри Норак (Шукронаи Умед, Салимова Ҳобил ва Замираи Мусулмон) ба 90%  саволҳои тестӣ ҷавобҳои саҳеҳ дода ҳар сеяшон сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ду ҷойи дуюмро низ хонандаи ҳамин муассиаи таълимӣ – Сангов Фаромӯз ва хонандаи муассисаи таълимии №9-и ноҳияи ба номи Ш. Шоҳин – Сангмадов Зикриоллоҳ ба ҳам диданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии №1 ноҳияи Восеъ Бурҳонова Гулрӯ, № 1 ноҳияи Вахш Шарипов Диловар ва № 6 шаҳри Бохтар Сафаралиева Сумия мутаносибан бо  гирифтани 63, 62 ва 61 холӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

 Дар озмун хонандаи синфи 1 литсеи «Афлотун»-и ноҳияи  Данғара Тоҳиров Достон ба 53,7% саволҳо ҷавобҳои дуруст гардонда сазовори ифтихорномаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят гардид.

Голибони озмун бо ифтихорномаҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.