Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Маводҳои муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд

 Бино ба иттилоои маркази матбуотии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ин аз 767 номгӯи маводҳо нест карда шуда, 502 номгӯяш ё 91 ҳазор 814 ададаш дар асоси мактубҳои панҷ ширкати фармасевтӣ барои несту нобуд кардан ба анбори Сарраёсат супорида шуданд. Аз ҷамъи умумии маводҳо 265  номгӯй ё 170 ададшро мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷишҳои нақшаи аз мумомилот бардоштанд.

Маводҳои номбаршуда дар партовгоҳи марказии шаҳри Бохтар, ки дар шаҳри Левакант ҷойгираст ба таври сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Нафарони ба қонуншикаӣ роҳдода аз тарафи Сарраёсат ба чавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

 Маданияти хизматрасонии ширкатҳои фармасевтӣ ва масъулиятшиносии онҳо сол аз сол  боло рафта истодааст. Агар солҳои пеш аксари маводҳои дорувории муҳлаташ гузаштаро бештар дар рафти санҷишҳои хадамот ошкор мекарданд, пас айни замон бештари ин маводҳо аз тарафи ширкатҳои фармасевтӣ ба таври ихтиёрӣ барои несту нобудсозӣ ба марказҳои дахлдор фиристода мешаванд, - илова кард манбаъ.

 Мутахассисони Сарраёсат дар давоми 6-моҳи сипаришуда зиёда аз 100 санҷишҳои хизматӣ гузаронида, нисбати 1400 нафар шахсони ба қонуншиканӣ роҳдода ба маблағи 267,8 ҳазор сомонӣ протоклҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.