Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Кӯлоб. Парвариши чорвои хушзот

 Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Даҳана хоҷагидорон парвариши чорвои калони хушзотро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.

 Яке аз чунин хоҷагиҳо ин хоҷагии деҳқони «Обид Сироҷ» мебошад, ки ба нигоҳубини чорвои калони хушзоти сиёҳало машғул мебошад.

  Хоҷагидорон чил сар чорвои калони хушзоти сиёҳалоро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид намуда, ният доранд, ки ин шумораро ба 90 сар расонанд. Барои парвариши чорво хоҷагӣ фермаи ҳозиразамон бунёд намуда истодааст, ки айни ҳол 12 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ дар бунёди ин ферма машғуланд.

 Хоҷагӣ дорои заминҳои корам буда дар 15 гектар юнучқа кишт намуда, дарави якумро ба анҷом расонида дар се гектари дигар ҷуворимакка барои дон бо лаблабу кишт карда шудааст.

 Хоҷагӣ дар 5 гектар ғалла, 7 гектар пахта кишт намудааст, ки баъди ҷамоварии зироатҳо сабус ва кунҷораи онҳоро барои хӯроки чорво ба роҳ мемонанд. Хоҷагӣ то имрӯз 20 тонна бедаю юнучқа ва 80 тонна силос барои чорво омода намуддаанд, ки зимистонро бе мамоният мегузаронад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.