«Моҳир»-и Ёвон ба Лигаи якум роҳхат гирифт

Дастаи «Моҳир» дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон дар бозии даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби бузург шикаст дод ва баъд аз ин ғалаба дар садри ҷадвали чемпионати имсола қарор гирифт.

Дар натиҷа, футболбозони «Моҳир» Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварда, ба лигаи 1-уми чемпионати кишвар роҳхат гирифтанд.

Дастаи мазкур дар лигаи дуюми чемпионати Тоҷикистон 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом додааст. Ба дарвозаи ҳарифони худ 90 гол ворид намуда, дар маҷмӯъ, соҳиби 56 хол гардидааст.

Дар маросими тақдими Ҷоми мусобиқа барои ғолибон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифов иштирок намуданд. Ҷоми мусобиқаи лигаи 2 ба футболбозон ва ҳайати мураббиёни даста дар вазъи тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.