U-18. «Хатлон» соҳиби медали нуқра шуд

Бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои наврасони то 18 сола ( U-18) ба анҷом расид.

Дар натиҷа, барандаи ҷом ва медали тиллои чемпионати имсола дастаи Академияи ФФТ (U-16) шуд. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар сазовори мацоми дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бошад, соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, беҳтарин бозингарон Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиаллоҳи Назарзода аз «Хатлон», Шерзод Дадабоев аз «Барқчӣ», Партулло Хуршедзода аз «Орзу-2026», сармураббии сол Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ) ва беҳтарин нишонзан Абдуфаттоҳи Худойдодзода (Академияи ФФТ бо 22 гол) дониста шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар маросими ҷоизасупорӣ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори Лигаи кӯдакону наврасони Точикистон Увайдо Давлатбеков ва узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов иштирок доштанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.