Баргузории Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Имрӯз, 30 ноябр, дар шаҳри Бохтар Конференсияи 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори Конференсия раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳавзаҳои вилоят интихоб шудаанд, инчунин беш аз 700 вакили даъватшуда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд.

Пас аз интихоби раёсати конфронс раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба фаъолияти кумитаи иҷроия дар дуюним соли охир ҳисобот дод.

Зикр шуд, ки конференсияи ҳисоботӣ-интихобӣ тибқи талаботи Оиннома дар дувуним сол як маротиба баргузор мегардад ва он чорабинии муҳимми дохилиҳизбӣ маҳсуб ёфта, самараи фаъолияти ҳам ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҳам аъзои ҳизбро ба таври рӯшан инъикос мекунад.

Таъкид гардид, ки дар ҳар давру замон ҷомеа ба нерӯи муттаҳидкунанда ва пешбаранда ниёз дошту дорад ва дар акси ҳол ба буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ буд.

Маҳз дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Ин нерӯи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн бурда, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардад. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.

А. Раҳмонзода қайд кард, ки шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят имрӯз ба беш аз 184 ҳазор нафар расидааст, ки нисфи онҳоро занону ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб беш аз 54 ҳазор нафар дорои маълумоти олӣ ва тақрибан ҳамин теъдод дорои маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсусанд.

Дар маърӯзаи раиси Кумитаи иҷрояи вилоятӣ қайд шуд, дар давраи ҳисоботӣ 9 бинои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода дода шуд. Акнун 17 кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо соҳиби бинои маъмурии худ мебошанд. То имрӯз 22 кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо мошинҳои хизматӣ таъмин шудаанд.

Дар музокирот Дилафрузи Абдулло, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилоят, Орзу Ҳамидиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Бахтовар Сафарзода, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, Раънохон Бобҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ҲХДТ хизмат ба халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои халқ мебошад. Маҳз ҳамин ҳадафҳои олӣ, ки аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҳизби роҳбарикунанда табдил дод.

Имрӯз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо фарогири самту соҳаҳои идеологӣ, балки ҳарбиву амниятӣ ва саноату хоҷагидорӣ низ мебошад. Яъне, дар ҳақиқат, ҳизб ҳамаи самтҳоро роҳбарӣ мекунад ва бояд ҳам чунин бошад. Назария, самти фаъолият ва тадбирҳои сиёсие, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон коркард намудааст, такягоҳ ва зербинои шаклгирии идеологияи ягона ва устувории ваҳдати миллиро ташкил менамояд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки имрӯзҳо дар шароити бениҳоят мураккаби геополитикӣ муҳимтарин иқдоми ҳизбиён дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мубориза бо унсурҳое чун терроризму экстремизм ва тафриқаандозиву бегонапарастӣ мебошад. Маҳз дар чунин шароит вазифаи сохторҳои ҲХДТ ва фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки мардум, хоса ҷавононро аз фирефта шудан ва гаравидан ба ақидаҳои ифротӣ ҳимоя кунанд, ба гурӯҳҳои фиребхӯрда роҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон дода, асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созанд.

- Дар ин шароити пурташаннуҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ вақти он аст, ки тамоми табақаҳои ҷомеа садоқати баланди худро ба миллату давлат собит созанд ва бо ҷилавгирӣ аз зоҳирпарастиву бегонаманишӣ ояндаи ободу осудаи фарзандони худро таъмин намоянд, - афзуд Қ. Ҳакимзода. - Танҳо дар ин сурат мо метавонем дилпурона худро аз доми тазвири идеологияи бегона наҷот бахшида, ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа пояҳои истиқлолияти давлатиро тақвият бахшем.

Зикр гардид, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд як самти фаъолияти худро ба он равона намоянд, ки ғояҳои сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳарчи бештар дар байни мардум таблиғу ташвиқ гарданд. Дар маркази диққати гурӯҳҳои таблиғотӣ бояд дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистон ва пешрафту комёбиҳои ҷумҳурӣ бошад ва бо ин васила ба мухолифони сиёсии ҳукумат, ки мегӯянд дар тӯли солҳои истиқлолият иқтисоду иҷтимоиёти мо равнақе надоштааст, ҷавоби муносиб диҳанд.

Дар идома барои саҳми фаъол дар бунёди биноҳои маъмурӣ ва таъмини шароити мусоиди корӣ ба чанде аз масъулон ва ҳизбиёни шаҳру ноҳияҳои вилоят Сипосномаи ҲХДТ тақдим карда шуд.

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо интихоби аъзои нави раёсати КИ ҲХДТ дар вилоят, ҳайати нави комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилоят, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ”, қабули қарорҳои конференсия, инчунин интихоби вакилон ба Анҷумани навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки моҳи декабр дар шаҳри Душанбе барпо мешавад, ба поён расид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.