Таъсиси 73 корхонаю коргоҳ бо 765 ҷойи кори нав дар 10 моҳи соли 2019

Соҳибкорони вилояти Хатлон бо истифода аз сабукиҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар тӯли даҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 437,7 миллион сомонӣ 93 лоиҳаи қарзӣ таҳия ва барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карданд.

Аз аввали фаъолияти муассиса то кунун 69 лоиҳаи соҳибкорони хатлонӣ ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст.

Саноатчиёни вилоят низ дар натиҷаи мувофиқи мақсад ба роҳ мондани фаъолият тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6 миллиарду 687,6 миллион сомонӣ расонанд, ки ин нисбат ба давраи ҳамин давраи соли 2018-ум 710,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷараёни афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи нафт ва гази табиӣ, ҳар гуна канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи ғизоӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, кимиёӣ, резинӣ, пластмассӣ, ғайрифилизии маъданӣ, мебел, неруи барқ, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин ва чанд намунаи дигар мутаносибан аз 101 то 158 дарсади нақша иҷро шуданд.   

Ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад, ки ин ҳам яке аз муваффақиятҳои вилоят дар айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Бо мақсади таҷлили бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина муҳайё кардани шароити нисбатан беҳтар барои кору зиндагии шаҳрвандон бунёди 103 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 73 корхонаю коргоҳ бо таъсиси 765 ҷойи кори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.