Дар Ҳамадонӣ то соли 2021 боз 196 иншоот ба истифода дода мешавад

Дар зарфи даҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 50 иншоот қомат афрохта, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 196 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аллакай як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла дар шаҳраки Москва бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маркази хизматрасонии «Омина», дар деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти “Даштигуло” майдончаи варзишии футболи хурд, нуқтаи шустушӯйи мошин ва дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” дорухона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Маркази хизматрасонии «Омина» бо шароити муосир бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хушнуд Чиллаев қомат афрохта, 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Марказ дуошёна буда, дорои мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, нуқтаи хизматрасонии филиали БДА «Амонатбонк», толори арӯсӣ, кошонаи ҳусн ва дандонпизишкӣ мебошад.

Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳоди Абдуназар майдончаи варзиш барои футболи хурд бо сатҳу сифати баланд сохта шуд, ки маблағи он беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил дод. Машраб Сафаров соҳибкори маҳаллӣ нуқтаи шустушӯйи мошинро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ ифтитоҳ намуд.

Баробари ин, мумфаршкунии 6,8 километр роҳҳои мошингарди дохили деҳаи Гулободи деҳоти Меҳнатобод ба анҷом расид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.