Ғолибони 21 гранти раиси вилояти Хатлон барои бонувон маълум шуданд (ВИДЕО)

Дар шаҳри Бохтар маросими тақдими грантҳои раиси вилоят ба 21 нафар бонувони ғолиб доир шуд. Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, зикр намуд, ки ба озмуни мазкур 59 лоиҳаи тиҷоратӣ аз ҷониби бонувони соҳибкор ва ҳунарманди вилоят пешниҳод шуда буд, ки аз миёни онҳо 21 нафар ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар вазъияти тантанавӣ ба ҳар яке аз муаллифони панҷ лоиҳаи пешниҳодӣ 20 ҳазор сомонӣ, ба 11 нафар ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ ва барои татбиқи 5 лоиҳаи дигар 8 ҳазор сомонигӣ, ҷамъ 250 ҳазор сомонӣ ва шаҳодатномаҳои ғолиби грантҳои раиси вилоятро супурд.

Қобили зикр аст, ки дар вилоят ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ 25 декабри соли 2007 баён гардида буданд, дастгирии грантӣ амалӣ карда мешавад. Ин аст, ки соли 2016 - 29 нафар, соли 2017 - 32 нафар ва дар солҳои 2018-2019 - 31 нафар занони соҳибкори хатлонӣ сазовори гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Бо мақсади дастгирии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон  барои солҳои 2016-2020” қабул гардида, ба маблағи умумии 250 ҳазор сомонӣ 21 гранти раиси вилоят таъсис дода шуд.

Тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон  гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таъсиси сехҳои чакандӯзӣ, дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, гулдонбофӣ ва ғайраҳо нигаронида шуда, дастгирӣ ёфтанд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Имсол ғолибони гранти раиси вилоят лоиҳаҳои «Коргоњи хурди истењсоли равғани растанӣ (зағер, офтобпараст, маъсар)», «Дӯхти либосҳои миллии тоҷикӣ бо мӯди аврупоӣ», «Ташкил намудани фермаи хурди парандапарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ», «Рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Вахш», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Таъсиси гармхона», «Коргоҳи дӯзандагии зардӯзӣ», «Коргоҳи истеҳсоли тушбера», «Таъсиси кошонаи ҳусн», «Омӯзиши санъат ва беҳдошти хизматрасонӣ дар тарабхона ва ошхона», «Рушди фаъолият ва мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кори иловагии Ҷамъияти нобиноён»» ва ғайраро амалӣ хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.