Error message

  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_display has a deprecated constructor in include_once() (line 3478 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/includes/bootstrap.inc).
  • Deprecated function: Methods with the same name as their class will not be constructors in a future version of PHP; views_many_to_one_helper has a deprecated constructor in require_once() (line 127 of /home/a0233942/domains/khatlon.tj/public_html/sites/all/modules/ctools/ctools.module).

Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимои дар назди сардори   Раёсати тандурустии Вилояти Хатлон

  Дар кори ҷаласа Абдураҳмонов Ш. Котиби Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоїӣ дар назди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон (шахси масъул) мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баромад намуда, қайд кард, ки Дар доираи фарогири хадамоти тавонбахшӣ саломатӣ ба воситаи бунёди иншооти амбулатории дар марказҳои тавонбахшӣ миллӣ ва минтақавӣ, ҳамгиро кардани хизматрасониҳои реабилитатсионӣ ва тавонбахшӣ дар ислоҳоти ҷории шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои дастгирии ҳамаҷониба ва  ҳифзи иҷтимоии маъюбон, самти муҳимтарини фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дониста шуда, дар доираи татбиқи он заминаҳои меъёрии ҳуқуқи фароҳам оварда шуда истодааст,аз ҷумла дар арафаи 26-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо шарикони Рушд дар  ноҳияи Муъминобод дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод барои шахсони имконияташон маҳдуд Маркази тавонбахшии “Рӯҳбахш” иборат аз 6-ҳуҷра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии ташкилоти байналхалқии “Миссияи шарқ” барои 51 нафар шахсони имконияташон маҳдуд сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мақсудов Эмомалӣ осоишгоҳи “Нигора” ба таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони тибби таъмин гардид, ки дар расми ифтитоҳи  он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд. Дар санаи  19 декабри соли 2017 дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маркази тавонбахшии “Умедбахш” барои кӯдакони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи ин марказ Раиси ноҳияи Ш. Шоҳин Почохон Зарифзода, намоянда аз Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инчунин намояндагони ташкилоти байналмилалии Миссияи Шарқ иштирок доштанд.

 Аз руи масъалаи дуюм  вазъи маъюбӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2018-ум Шарипов И.Ш - Сардори Шуъбаи Хадамоти давлати ташхиси тибби ва иҷтимоии вилояти Хатлон оиди дастуру супоришҳои Вазири тандурусти ва хифзи иҷтимоии ахолии Ҷумхуриии Тоҷикистон Олимзода Н.Х ҳангоми сафари кори ба вилояти Хатлон баромад намуд.

 Бо мақсади бехтар намудани хизматрасониҳои тимбби ба маъюбон  Шабакаи милли «Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал», фармоиши №160, аз 18.06.2018 сол Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таъсис ёфт.

 Дар бораи Оид ба иҷрои қарори муштараки мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 20118,№5-19 «Дар бораи вазъи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар марказҳои минтақавии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба пиронсолону маъюбон. Дар бораи таҷлил намудани  «Рӯзи маъюбон», рӯзи 8-июли соли 2018, фармоиши Раёсати тандурустии №158, аз 18.06.2018 сол. Нусха аз Протоколи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018 сол, №5 оиди анҷом додани амалиёти хатна дар муассисаҳои тибби ташкили ҳуҷраҳои махсус ва дорои шароити зарурӣ ва ба миқдори зарури кофии доруҳои бедардкунанда ва ташкили навбатдории мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят   Дар охири ҷаласа Раиси  Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимои дар назди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон   Маллазода С.Ҳ баромад намуда ба раисони Комиссияхои машаваратии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришхои мушахас дод.               

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.