Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ дар шаҳри Бохтар

Имрӯз, 26 ноябр, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, 145 нафар гирандагони стипендияи президентӣ аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Максад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани ҷавонон мебошад.

Зимни вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода қайд кард, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон хеле хуб буда, ҷиҳати аз бар намудани донишҳои муосир ва соҳибкасб гардидани ҷавонон пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

- Мутмаинам, ки шумо - насли ҷавон, давомдиҳандагони кору пайкори фарзандони хирадманду хирадпеша асолат ва рисолати арзишҳои миллию давлатдориро муҳофизат карда, мактаби мардонагӣ ва ватандориро аз Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхта, ворисони арзандаи ин сарзамин ва пайравони асили Пешвои муаззами кишвар мебошед, - зикр намуд Ғ. Сафарзода.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, шароити беназирро барои насли ҷавон ҳадя намуд. Пешвои ҷавонпарвари миллат барои мову шумо наврасону ҷавонон тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст, то ки шумо илм омӯзед, забонҳои хориҷиро аз худ кунед, мутахассиси баландихтисос гардида, ба Ватану миллат содиқона хизмат намоед.

Таъсиси стипендияи президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишварамон ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонадагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард.

Раиси кумита ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят шаҳодатномаи гирандагони стипендияи президентиро бо лентаи рамзӣ ва маблағи стипендия дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон супориданд.

Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангиву фароғатии саршор аз таронаҳои ватандориву ватандӯстӣ ба намоиш гузошта шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.