Пули сангин - ҷолибтарин мавзеи сайёҳӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) (ВИДЕО)

Истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш, воқеъ дар шаҳри Норак, бунёд гардидааст.

Моҳи апрели соли 2016 дар маросими ифтитоҳи ин мавзеи ҷолиби сайёҳӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буданд.

Истироҳатгоҳ дар Ҷамоати деҳоти “Пули Сангин” дар майдони 4 гектар бунёд шуда, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Истроҳатгоҳ аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, тенниси калон ва тенниси рӯйи миз, толори саққобозӣ, ҳаммом, мотосиклҳои гуногунҳаҷми обӣ, мошинҳои хурди барқӣ барои ҳаракат дар ҳудуди истироҳатгоҳ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхӯшӣ иборат мебошад.
Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошад.
Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, бо дарахтони гуногуни нодир, гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудааст, ки ба ҳар як инсон писанд меояд.

*****

Санаторий Пули Сангин одни из самых лучших люкс пансионатов-курортов Таджикистана расположенный вдоль реки Вахш, на очень красивом пейзажном местечке страны.

Санаторий берет свое название от имени селения, в котором она расположена и на русском языке переводится как «Каменный мост». 

Примечательным является то, что курорт расположен неподалеку от города Душанбе, на берегу синего моря, где вокруг зеленые горы, красивый город Нурек и гигантская станция по выработке электроэнергии, что можете посмотреть и не забыть на всю жизнь.

Пансионат построен на территории 412 соток земли в которой работают порядка 60 человек. Общая вместимость организации в обслуживание составляет порядка 40-45 человек в сутки. В пансионате имеются приемная, гостиница на 20 спальных мест, плавательные бассейны, 3 жилых построения, актовый зал, столовая, беседка для отдыха на берегу реки, спортивные площадки для футбола, волейбола, баскетбола, большого и настольного тенниса, биллиардный зал, баня, различные квадроциклы, малые электромобили для передвижения по территории комплекса, ипподрома с породистыми скакунами, специальными каретами, детские площадки и другие центры развлечения.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.