Ифтитоҳи бинои таълимии коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимии коллеҷи милитсия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода иштирок намуданд.

Бинои таълимии коллеҷи милитсия аз 4 ошёна бо таҳхона иборат аст. Иншоот мутобиқи талаботи замони муосир сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он ҳамчунин дорои 14 синфхона, ошхона, китобхона бо 3600 нусха китоб, утоқҳои корӣ ва толори маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст мебошад.

Рамазон Раҳимзода курсантони коллеҷро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави таълимӣ, ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия самимона табрик намуд. Номбурда зикр кард, ки «маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия ва соҳиби касбу ҳунар гардидани насли наврасу ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда шуда, дар ин радиф муассисаҳои таълимии замонавӣ бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ бунёд мегарданд».

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, таъсис дода шудааст.
Коллеҷи мазкур мутахассисони воҳидоти таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омода намуда, хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ давоми 3 ва 4 сол ба таълим фаро мегирад.

Коллеҷи милитсия дорои шароити мусоид, аз қабили хобгоҳ барои 441 нафар, ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омӯзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷаҳҳаз бо маводу ашёи зарурӣ буда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

Дар охир курсантони фаъол ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бо мукофотҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.