Ҳунармандони маъруфи тоҷик ба кумаки марди деҳқон рафтанд

Имрӯз, 20 октябр, дар мавзеи Офтобаки хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш ҳашари умумии ҷамъоварии пахта сурат гирифт, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат, ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Маъракаи ҷамъоварии ҳосили "тиллои сафед" бо дуои пирони кор, аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят оғоз гардида, кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба заркорони маҳаллӣ кумак намуданд.

Ҳунармандони маъруфи хатлонӣ - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аюбӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саидалӣ Сабзов, Аълочиёни фарҳанги ҷумҳурӣ Отахон Саидов ва Ойимгул Давлатова низ имрӯз дар доираи иқдоми "60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор" ба кумаки заркорони хоҷагии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш омаданд.

Бо ибтикори Идораи телевизион ва радиои вилоят дар саҳро сабқати телевизионии "Як соат дар саҳро" доир шуд, ки дар он кормандони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дастболо гардиданд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми "60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор" бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта эълон гардидааст. Ин маърака то 16 ноябр - Рӯзи Президент идома карда, фаъолону ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.