Қурбон Ҳакимзода: “Фалак ганҷинаи бебаҳои мусиқии миллии мост” (ВИДЕО)

Бахшида ба Рӯзи фалак, ки аз соли 2007 ба ин сӯ ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, дар ноҳияи Данғара чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ барпо гардид. Дар ин ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон иштирок доштанд.

Қабл аз оғози барномаи ҳунарӣ бонувону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Армуғонҳои зебо, чакану гулдӯзиҳои рангоранг, асбобҳои созӣ, аз қабили думбра, таблак, най, дутору доира бори дигар аз ҳунари волои ниёкон дарак медод. Дар гӯшаи дигар садои фалаксароёни хушовоз зери мусиқии хушнавоз ба қалбҳо сурур мебахшид.

Сипас, дар толори Қасри тозабунёди фарҳанги ноҳияи Данғара чорабинии пуршукӯҳи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи фалак оғоз гардид.

Сараввал, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи фалак табрик гуфта, таъкид дошт, ки хушбахтона, гардиши айём ба сари халқи тоҷик фарзанди фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат овард, ки дар давраи роҳбарии ин сиёсатмадори нотакрор мо тавонистем анъанаҳои ниёкон, махсусан санъати асили миллии худро эҳё намоем.

- Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, ки имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд, - афзуд раиси вилоят. - Дар ин радиф фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст. Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми мост.

Тавре ки зикр гардид, истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак арҷгузорӣ намуд. Бо супориши Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори раиси вилоят аз 10-уми марти соли 2004 дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Фалак» ташкил карда шуд, ки  имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.

Пас аз суханронии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барномаи консертии ансамбли давлатии “Фалак”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ва ҳунармандони вилояти Хатлон пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд. Дар ин барнома шеъру оҳангҳои халқиву шоирони классику муосир, аз ҷумла Бедил, Шамси Табрезӣ, А. Ҷомӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ҳоҷӣ Ҳусейни Кангуртӣ, Лоиқ Шералӣ, Лутфи Хамӯш, Авлиё Ҳусайн Мағмуми Дарвозӣ, Муллоёри Ванҷӣ, Хайрандеш ва дигарон аз ҷониби аҳли ҳунар бо як маҳорати хоса суруда шуд.

Садои рӯҳбахши ҳофизон Давлатманд Холов, Баҳриддин Беков, Шодмон Одинаев, Раҷабалӣ Ҳувалов, Сафовуддин Раҷабов, Сайҷамол Шоимов, Нурулло Холов, Бахтиёр Ҷӯрақулов, Рӯзибой Идиев,  Исмоил Назриёв, Назриддин Неъматуллоев, Ҷовидон Нозимов, Матлуба Раҳимова, Сураҷ Муалимбошев, Ҳикмат Анваров, Ибодат Раҷабова, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Фотима Машрабова, Лоиқ Холов ва дигарон ба қалбҳо нишоту сурур бахшид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.