Иштироки Қурбон Ҳакимзода дар маросими ифтитоҳи шуъбаҳои ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон

Имрӯз, 9 октябр, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода якҷо бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода дар маросими ифтитоҳи шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва ҷарроҳихона дар беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ширкат варзиданд.

Барои таъмиру тармими комплекси нотамоми беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб бо харҷи 10,2 миллион сомонӣ шуъбаҳои ҷарроҳии тоза, ҷарроҳии фасодӣ (барои калонсолон) ва ҷарроҳихона сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маблағи сохтмон 9,4 миллион сомонӣ ва таҷҳизот 805 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаҳои мазкур зиёда аз 50 ҳуҷра (аз ҷумла 4 ҳуҷра барои шахсони имтиёздор) ва 65 кат ҷойгир гардидааст. Се синфхонаи барои таҷрибаомӯзон пешбинӣ гардида, бо тахтаҳои электронӣ ва дигар ашёи таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Шуъбаҳо бо системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, системаи ҳушдордиҳанда аз сӯхтор ва камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳамчунин, бинои нав дорои маҷлисгоҳ аст, ки барои 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Дар толори маҷлисгоҳ раиси вилоят бо табибон мулоқот ороста, аз кормандони соҳаи тиб даъват намуд, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд.

- Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад, - зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. – Итминон дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар хоҳанд кард.

Раиси вилоят ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 майи соли 2018, ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ то соли 2021 якҷо бо соҳибкорон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббиро вусъат диҳанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.