Шиносоии раиси вилоят бо лоиҳаҳои ангоравии боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ ва корҳои барқарорсозии пули мошингузар дар Ёвон

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо лоиҳаҳои ангоравии боғҳои Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бозори марказӣ ва Терминали ноҳия дар доираи ҷойгиршавии Нақшаи генералии шаҳраки Ёвон, дар назди ҳавлии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шинос шуд.

Раиси вилоят ба масъулони ноҳия ва ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супурдани иншоотҳои мазкур ва ороиши намои зоҳирии онҳо дастуру супориш ва тавсияҳои судманд дод.

Пасон, Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар пули барқароршудаистодаи мошингузар, воқеъ дар кӯчаи ба номи Р. Раҷабови Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”, дар шафати бозори марказии ноҳия дидан намуд.

Қобили зикр аст, ки боришоти боронҳои бошиддат, жола ва омадани селу лойқа дар рӯзи 25 апрели соли 2014 ба якчанд иншооти ҳаётан муҳими ноҳияи Ёвон хисорот расонида, пули мошингарди кӯчаи ба номи Р. Раҷабови шаҳраки Ёвонро бакуллӣ аз байн  бурда буд. Дар ин мавзеъ гаштугузори нақлиёт ва пиёдагардон манъ гардида, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия мушкилии ҷиддиро ба миён овард.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон соли 2016 барқарорсозии пули мазкур, ки тибқи лоиҳа бояд 23 миллион сомонӣ сарф шавад, оғоз гардида, айни ҳол идома дорад. Ба раиси вилоят гузориш доданд, ки то инҷониб дар иншооти мазкур 6,2 миллион сомонӣ аз буҷаи маҳал, 600 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон маблағгузорӣ гардида, ба ҳамин андоза корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Иншооти мазкур дар нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистогн шомил буда, барои саривақт ба истифода додани он 16,2 миллион сомонӣ лозим аст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.